29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Бохтар ба як модари ниёзманд манзили истиқоматӣ тақдим намуданд

325
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо ду фарзанд ва ду набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар шаҳри Бохтар тақдим намуд. Ин хона аз ду ҳуҷра иборат буда, бо шароити муносиби зист таъмин аст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи аҳли оила буда, ба поксозии шаҳр машғул аст.

Раиси вилоят аз номи Сарвари давлат ин модарро ба муносибати Рӯзи модар ва соҳиби манзили зист шуданаш шодбош гуфта, барои аҳли оилаи ӯ тансиҳативу шодмонӣ тамано кард.

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ба ин оила ҳамчунин кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво