25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокини ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағҳои сафари ҳаҷ пули одамгузар месозад

303
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби модари меҳрубон, собиқадори меҳнат Ҳумминисо Саидалиева бо маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ намудааш пули одамгузар сохта мешавад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ медиҳад.

Сокинони деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба солҳост, ки аз надоштани пули одамгузар ба деҳаҳои дигар танқисӣ мекашиданд. Ҳоло бо ибтикори ин модари меҳрубон соҳиби гузаргоҳи асосӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарони соҳибкор Манучеҳр ва Достон Дадобоевҳо ба маблағи зиёда аз 276 ҳазор сомонӣ сохтмони толори варзишӣ ҷараён дорад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода мешавад.
Дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ноҳияи Ашт корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, мактаб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ба истифода дода мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво