29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Инъикоси дастовардҳои истиқлолият дар матбуоти даврӣ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд

210
Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 376 рӯзнома, аз ҷумла 112 адад давлатӣ ва 264 адад ғайридавлатӣ, 245 маҷалла, аз ҷумла 114 адад давлатӣ ва 131 адад ғайридавлатӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла 1 агентии иттилоотии давлатӣ ва 10-то ғайридавлатӣ, 49 телевизион, аз он 13-то давлатӣ ва 33-тоаш ғайридавлатӣ, 32 радио, аз он 10 давлатӣ ва 22-то ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Бештари расонаҳои иттилоотӣ ғайридавлатиянд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз мавҷуд будани озодии баён дарак медиҳад.

Ин матлабро сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов зимни ҳамоиши илмӣ-оммавӣ, ки ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои истиқлолият дар матбуоти даврӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, баён намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши илмӣ-оммавӣ сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов, Манижа Баҳромзода, кормандони Китобхонаи миллӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Зикр шуд, ки воқеан, матбуот сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифи миллатҳо буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Аз ин хотир, чеҳраҳои намоёни фарҳангу адабиёт ҷойгоҳ ва нақши матбуотро баланду босазо арзёбӣ кардаанд.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода иброз намуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург аст.

“Нақши матбуот хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии рушди ҷомеа ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд аст. Дар замони истиқлол теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо ҳадафҳои неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлоли воқеии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузоштанд”,- гуфт Ҷ. Нурзода.

“Нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” равзане буд, ки дар тирашабҳои Бухорои он даврон ба сари мардум нури маърифат мепошид”,- изҳор дошт муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов ва илова намуд, ки ҳарчанд ин рӯзнома қариб як сол ҳам фаъолият накард, вале тавонист рисолати худро иҷро намояд. Мавсуф зикр дошт, ки бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март таҷлил гардидани Рӯзи матбуоти тоҷик- ин арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳли қалам мебошад. Ба андешаи Далер Мерганов, имрӯз ҷангҳои иттилоотӣ зиёданд, аксар давлатҳо ба муборизаҳои иттилоотӣ машғуланд ва дар ин раванд журналистон ҳамчун афсарони иттилоотӣ мавқеи хосса доранд.

Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов зикр дошт, ки “замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо як низоми матбуот-матбуоти ҳизбию шӯравӣ буд. Имрӯз қонунгузории замони истиқлол имкон дод, ки гуногунмолиятӣ, гуногуншаклӣ ба матбуоти мо роҳ ёбад ва имрӯз мо матбуоти расмии давлатӣ, матбуоти ҳизбӣ, матбуоти ҷамъияӣ, матбуоти шахсӣ, матбуоти тиҷоратӣ ва амсоли онҳоро мебинем, ки бо шарофати давлатӣ соҳибистиқлолу демократӣ ба миён омадаанд”.

Ба таъкиди С. Гулов, дар арафаи истиқлол, яъне соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 121 маҷаллаю рӯзнома фаъолият мекарданд ва ин рақам имрӯз ба 376 адад расидааст, ки қариб 3 маротиба рушд кардааст. “Матбуоти мо дар инъикоси дастовардҳои истиқлол саҳми босазо гузоштааст, аз ҷумла аз давраи парокандашавӣ то давлати имрӯзаи босубот, ташаккулёфта ва бонизомро матбуоти мо инъикос кардааст. Дар тафаккури ҷомеа ва насли наврас маҳз матбуот ва расонаҳо ифтихори ватандорӣ, ифтихори давлатдорӣ ва соҳибиистиқлолиро бедор ва ҷой кардаанд”,-гуфт мавсуф.

Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Манижа Баҳромзода иброз намуд, ки “дар баррасӣ ва тарғиби ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии об нақши матбуоти даврии тоҷик низ назаррас аст. Бахусус, баъд аз пешниҳод намудани ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об таваҷҷуҳи матбуоти расмӣ ва мустақили тоҷик ба ин мушкилот бештар гардида, ба воситаи мақолаву мусоҳибаҳои гуногун аҳли ҷомеа ба самаранок истифода бурдани об ва расидан ба қадри ин неъмат даъват шуданд. Инчунин суханронӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ доир ба проблемаҳои глобалӣ дар матбуот ба таври муфассал нашр гардида, хонандагонро аз мавқеъгирӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилӣ огоҳ намуданд. Дар партави ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон рӯзноманигорони тоҷик назари коршиносони дохил ва хориҷи мамлакатро дар муҳим ва ҳалкунанда будани иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пурсон шуда, натиҷаи онро пешниҳоди хонандагон гардонидаанд”.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки имрӯз нусхаҳои электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхона нигоҳдорӣ ва барои хонандагон пешкаш карда мешаванд. Имрӯз дар махзанҳои шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ беш аз 959 ҳазор нусхаи рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва қариб 527 ҳазор нусхаи маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекию англисӣ нигаҳдорӣ мешванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши илмӣ – оммавӣ муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои «Матбуот ва Истиқллияти давлатӣ», “Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об”, «Саҳми матбуот дар тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ» маърӯза ва муҳокимаронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони мамлакат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.

Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллат-«Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шӯълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» ва ғайра зиндагиномаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво