Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия мегардад
3034
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ доир шуд, ки дар он «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» натиҷагирӣ гардид. Дар ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои комиссия қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои Барномаи нави давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Раиси Комиссия-муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба амалишавии нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 тасдиқ шудааст, ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳуқуқию маърифатнокии аҳолӣ, фаъолияти самараноки соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Сол то сол масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии шаҳру диёр, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро талаб менамояд. Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба масъалаи баррасишуда ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон шунида шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |