23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Шаҳринав ба ифтихори 110-солагии Мирзо Турсунзода таҷдиди гулгашти назди муҷассамаи шоир оғоз шуд

274
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои шоён ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷашни 110 — солагии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гулгашти назди муҷассамаи шоир, фарзанди фарзонаи ин диёри бостонӣ бо тарҳи замонавӣ навсозӣ мегардад. Корҳои навсозӣ аз ҷониби КВД «Сохтмони асосӣ» то ҷашни Наврӯз анҷом ёфта, гулгашти мазкур бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода масъулинро вазифадор намуд, ки навсозии гулгашти мазкурро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд.

Айни замон корҳои навсозии гулгашти назди муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода оғоз шудаанд. Тасмим гирифта шудааст, ки сафолакҳои роҳравҳо ва фаввораҳои майдони назди муҷассама таҷдид карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шаванд. Ҳамзамон нишастгоҳҳои зебои замонавӣ барпо карда шуда, атрофи гулгашт бо панҷараҳои зебою бунёди дарвозаи рамзии замонавӣ иҳота карда мешавад. Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон чароғакҳои замонавӣ низ насб карда мешаванд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мавзеи мазкур ба яке аз ҷойҳои хушманзара мубаддал гардида, фароғатгоҳи мусоид барои аҳолии ноҳия ва меҳмонон мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор карда шавад. Сарвари давлат ба масъулини вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво