24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БА ВАТАН СОДИҚАМ!». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аксияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад

234
Тайи ду рӯз — 22 ва 23 феврали соли равон бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ба Ватан содиқам» аксия гузаронида мешавад.

Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод дар аксия муроҷиатнома ба шаҳрвандони мамлакат, ба хусус ҷавонон ирсол карда мешавад, ки дар он чунин омадааст:

ДӮСТИ ҶАВОН, соли равон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад. Табиист, ки дар ибтидои солҳои Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти зиёд мавҷуд буданд. Бо вуҷуди ин, бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Инак бо гузашти 28 сол бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар натиҷаи пуштибонии ҳамаҷонибаи мардуми сарбаландамон, бахусус ҷонбозиву фидокориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллат рафъ шуда, ҳоло мо барои пойдору устувор гардонидани аркону пояҳои давлати миллиамон дастаҷамъона азму талош менамоем.

Итминони комил дорем, ки шумо баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳар вақта мегузоред. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бароям шараф аст, зеро ман ба Ватан содиқам.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво