20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов аз олам даргузашт

232
Имрӯз дар Душанбе Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ, ки ҳунарманди маъруф аз солҳои 60-уми асри гузашта рӯи саҳнаи он беш аз 60 нақш офаридааст, хабар доданд.

…Аввали соли 2018 дар саҳнаи калонтарин театри академии драмавии тоҷик нахустнамоиши спектакли «Обу оташ» аз рӯи асари ҳамноми нависанда, драматург, публисист ва шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш «Обу оташ» доир шуда буд. Қабл аз оғози намоиш мудири қисми адабии театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, ки баъд дар нақши яке аз қаҳрамонҳо рӯи саҳна омад, сухан гуфт. Ӯ ёдовар шуд, ки рӯзе пеш дар Душанбе Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд анҷом ёфт, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд ва дар фарҷоми ин чорабинӣ Эъломияи Душанбе қабул гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси муттаҳид сохтани неруҳо алайҳи терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда шуд. Ин даъват ба ғояи спектакл ҳамоҳанг аст.

Дар спектакли мазкур, ки ба чунин масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир амсоли таҳаммулпазирӣ, муқовимат ба хурофот, терроризм ва экстремизм, зарурияти роҳандозии арзишҳои динӣ якҷо бо арзишҳои дунявию умумибашарӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва инсондӯстӣ бахшида шудааст, нақши асосиро маҳз Носир Ҳасанов иҷро кард. Ин бесабаб нест. Мавсуф тӯли тамоми фаъолияти эҷодияш бо нақшҳои офаридаи худ бар зидди хурофот ва барои талқини ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва арзишҳои неки умумибашарӣ кӯшишу талошҳо ба кор бурдааст. Номбурда берун аз театр низ ба сифати як нафар ходими намоёни фарҳанг ва фаъоли ҷамъиятӣ, котиби ташкилоти ҳизбии (коммунистии) театр дар солҳои то истиқлолият ва раиси маҳалла дар солҳои Истиқлолияти мамлакат машғули тарғиби ҳадафҳои неку шоиста дар байни мардум буд.

Носир Ҳасанов 11 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёии бухороӣ ба дунё омада, соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС) –ро хатм намудааст.

Аввал актёри Театри мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ (1960-1961) буд ва аз соли 1961 то вопасин рӯзи зиндагиаш дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр кор мекард.

Образҳои офаридаи Носир Ҳасанов Маҳмад («Нурхон»-и К. Яшин, 1961), Раҳмат («Ҳукми модар», 1963), Хуршед («Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, 1964), Карим («Хуррият», 1964), Масхарабоз («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1967), Бобо Шодӣ («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967), Саша («Корвони бахт»-и М. Миршакар, 1970), Файзулло Хӯҷаев («Сарбозони Инқилоб»-и Ғ. Абдулло, 1970), Оқйигит («Шаби гирифтаи моҳ»-и М. Карим, 1972), Шокирхон («Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва Ш. Мастон, 1977), Освалд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир, 1982), Муллоазим («Вопасин арӯси амиралмуъминин-и» Ф. Муҳаммадиев, 1983), Толибов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров, 1984), Загареский («Дод аз дасти ақл»-и Н. Грибоедов, 1988) ва ғайра аз қабили беҳтарин образҳо дар саҳнаи театри тоҷик баршумурда шуда, дар дилу дидаи садҳо ҳазор тамошобинон ҷой гирифтаанд.

Носир Ҳасанов дар инкишофи санъати кинои тоҷик низ ҳиссагузорӣ карда, нақшҳои Сафархӯҷа («Бачаҳои Помир», 1967), Қарошир («Ниссо», 1966), Носир («Ҳасани аробакаш», 1966), Дадаҷон («Ҷӯра — саркор», 1970), Мудири анбор («Асрори оила»,1984)-ро хеле ҷозибанок офаридааст.

Мавсуф аз соли 1963 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон (1968) ва дорандаи унвонҳои ифтихории «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (1974), «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (1990) буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво