28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Вахш сохтмони бинои таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи кишоварзӣ ҷараён дорад

228
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш сохтмони бинои коллеҷи кишоварзӣ ва хобгоҳи коллеҷи кишоварзӣ ҷараён дорад.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Иншооти мазкур бо ибтикори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Балх-2015» моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.

Бинои коллеҷи кишоварзӣ дар ноҳияи Вахш дар масоҳати умумии 67840,0 метри мурабаъ қомат афрохта, то имрӯз беш аз 10 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ин бино аз 5 ошёна иборат буда, барои 600 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон беш аз 150 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар коллеҷи мазкур шароити хуби хизматрасонӣ ва таҳсил фароҳам оварда шуда, беш аз 150 нафар омӯзгорону кормандони техникӣ дар он бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бунёди чунин муассисаи таълимии махсусгардонидашуда дар водии Вахш муҳим мебошад, зеро дар вилояти Хатлон, ки минтақаи аграрист, ба мутахассисони ихтисосманди соҳаи кишоварзӣ талабот зиёд аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво