25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе таҳти унвони «Дастовардҳои даврони истиқлол дар низоми ҳарбии кишвар: ҳолат ва дурнамо» конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

182
Таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мавқеи хосса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии кишвар ба масъалаи сиёсати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазифаҳои минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муайян намуданд.

Ин матлабро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони истиқлол дар низоми ҳарбии кишвар: ҳолат ва дурнамо», ки 20 феврал дар Кохи афсарони пойтахт ба муносибати 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид, баён намуд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ як ҷузъи муҳими давлат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар соҳаҳо роҳбарияти олии мамлакат ба таъсису бунёд ва таҳкими он диққати махсус зоҳир намуданд. Он дар фазои сиёсии солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёфт. Аз ҷумла, Пешвои миллат барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, тақвияти кор бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ, баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир ва боз масъалаҳои дигар Вазорати мудофиаро вазифадор намуданд.

Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозону афсарон аз ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, ҷавонони синни тодаъватӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ ширкат варзиданд.

Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдусаттор Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода аз дастовардҳои ин соҳаи муҳими кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, ҳозиринро ба хизмати содиқонаву софдилона ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштани хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал оварданд.

Дар идомаи конференсия намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла «Пешвои миллат — Асосгузори Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Пешво — дастури созанда ва роҳнамои афсарону сарбозон», «Нақши ҷавонон дар ҳимояи сарҳади давлатӣ», «Ташаккули Артиши миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ», «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ» ва ғайра маърӯза карданд.

Дар фарҷоми конференсия як гурӯҳ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво