19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори ДМТ ба бунгоҳи тиббии ноҳияи Муъминобод кумаки моддӣ расониданд

170
Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва ризоияти раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори ин донишгоҳ профессор Қобилҷон Хушвахтзода иқдом гирифт, ки ба бунгоҳи тиббии деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 15 адад миз, 30 адад курсиҳои мулоими замонавӣ ва маҷаллаҳои тиббӣ кумак карда шавад.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ин иқдоми ҷавонмардонаи вакили Маҷлиси намояндагон ва ректори Донишгоҳи миллӣ дар роҳи мусоидат ба таъмини шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тиб ҷиҳати беҳдошти саломатии мардум ва пешгирии ҳолатҳои гирифтор шудани аҳолии деҳот ба бемориҳои сироятӣ аз таъкиду ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат манша гирифта, дар роҳи дастгирии аҳолии деҳот ва оилаҳои ниёзманд чораи хеле саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво