20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба Тоҷикобод расид

230
20 феврал корвони иборат аз 7000 китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Тоҷикобод расид. Ин китоб бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Тоҷикобод, ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила тақдим менамоянд. Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо қабул намуданд. Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят мекунад ва роҳи ояндаро мунаввар месозад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки китоби «Тоҷикон» соли 1972 ба забони русӣ, солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро дар рушди тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво