23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: 19 феврал Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии содирот, Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ доир менамоянд

243
19 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 дар маҷлисгоҳи вазорат ва нишасти Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар вазорати мазкур баргузор мешаванд.

Агентии содирот соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Агентии мазкур ва Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар ин вазорат баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар бинои ин ниҳод доир мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 аз 1 феврал оғоз гардида, 19 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво