29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шариф Самӣ: «Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 46 хонаи баландошёна бунёд гардида истодаанд»

188
Ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт беш аз 46 адад хонаҳои баландошёна бо тарзи муосир бунёд гардида истодаанд, ки қисмати бештари онҳо дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ иттилоъ дод.

Ин дар ҳолест, ки соли 2020 новобаста ба пандемияи COVID-19 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёди иншооти ҳаётан муҳим вусъат гирифта, ба масоҳати 97 778 метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019 1,8 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон Шариф Самӣ гуфт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ноҳияи маъмурии пойтахт маҳсуб меёбад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориро бо соҳибкорон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ба таври зич ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа беш аз 26 ҳазор метри мураббаъ намои берунии хонаҳои баландошёна таъмири ҷорӣ гардиданд.

Зимни натиҷагирӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар соли гузашта Шариф Самӣ изҳор дошт, ки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо ва ғанӣ гардонидани буҷет тавъам мебошад.

Зикр шуд, ки соли гузашта нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 111,4 миллион сомонӣ 111,1 миллион сомонӣ харҷ гардидааст, ки 99,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво