29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо назардошти пандемия варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 124 медал ба даст оварданд

146
Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта 232 нафар варзишгарони тоҷик бо назардошти вазъияти пандемияи коронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 124 медал ворид намуданд.

Ба зикри мавсуф, агар дар зарфи 70 соли даврони Шӯравӣ варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал (113 медали тилло, 9 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин рақам ба 5743 адад (1797 медали тилло, 1507 медали нуқра ва 2439 медали биринҷӣ) расидааст.

«Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2020 баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар доираи ваколатҳои худ якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат 10 ҳазору 220 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки ба инҳо 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толорҳои варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмаа ва 807 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ дохил мешаванд.

-Шумораи иншооти варзишӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 10 маротиба зиёд гардидааст,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво