20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи идона баргузор гардид

269
Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барномаи идона баргузор гардид.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз намуд, ки бахшида ба 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 23 феврали соли равон беш аз ҳазор нафар ҳайати шахсии афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе бо нигораҳои нави толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос мегарданд.

Мавсуф зикр намуд, ки «имрӯз Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст. Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.».

Тавре 22 феврали соли 2020 дар «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузошт».

Ҳамчунин дар барнома хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи артиш, Ватан ва ҳифзи он шеърҳо қироат намуданд.

Афсарон ва аскарон дар гӯшаи доимамалкунандаи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии «Артиши миллӣ» ва гӯшаҳои нави экспозитсия, аз ҷумла лавозимоти ҳарбии ниёгон сайрҳои осорхонавӣ намуданд.

Ҷиҳати шиносии бештар пайдо намудани афсарону аскарон бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик нигораҳои 4 шуъбаи экспозитсионии осорхона ба онҳо пурра муаррифӣ карда шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво