19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад

151
Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи ангоравии идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ аз ҷониби КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 дастуру супориш доданд, ки баҳри пешгирӣ ва табобатӣ касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беморхонаҳои сироятӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода дода шаванд. Сохтмони Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт низ дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ доданд, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.

Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани беморхонаҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуд.

Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба КВД «Лоиҳакаш» ва лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» муроҷиат намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво