Дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад![]()
Дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди собиқ бозори «Ҷал-Ҷам» ва биноҳои атрофи он шаҳраки нави замонавӣ бунёд мегардад. Тибқи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур дар ин мавзеъ сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва мактаб барои 1200 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2020 бо бартараф намудани бозори «Ҷал-Ҷам» ва биноҳои атрофи он барои таҳияи лоиҳаи ангоравии шаҳраки мазкур иҷозат дода шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби «ҶСК Шаҳрофар» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия мегардад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |