28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар 179 иншооти ҷашнии шаҳри Ваҳдат корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд

327
Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси соҳибкорону мақомоти иҷроия ва сокинони шаҳр давоми солҳои 2019-2020 21 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 36 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 48 иншоот дар соҳаи маориф, 35 иншооти варзишӣ, 9 иншооти маишию фарҳангӣ, 43 иншооти хизматрасонӣ, 67 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 19 адад биноҳои истиқоматӣ, 3 бинои маъмурӣ ва 106 адад иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа 598 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Айни замон дар 179 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода иброз намуд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 3994 маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз он 19 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид. Дар натиҷа нисбат ба нафарони вайронкунандаи қонун ба маблағи 36,6 ҳазор сомонӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба Суди шаҳри Ваҳдат ирсол намуданд.

Ҳамчунин соли гузашта дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ санҷишҳои муштарак доир шуда, пеши роҳи 156 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат 42 садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод ва дар пайи он 26 нафар ҳалок гардида, 44 нафар ҷароҳат бардоштанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво