23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шаш паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 иштирок мекунанд

231
18-20 феврали соли 2021 дар шаҳри Тел-Авиви Исроил мусобиқаи Tel Aviv Grand Slam 2021 баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони 69 давлати сайёра иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 462 нафар варзишгарон аз 69 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 паҳлавони шинохта- Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни — 73кг, Акмал Муродов дар вазни — 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни — 90кг ва Темур Раҳимов бо Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз +100кг намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар Исроил нахустин маротиба мусобиқаи Grand Slam доир карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво