25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба истиқболи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар қисми низомӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи дарҳои кушод доир шуд

191
11 феврал Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода ҳамроҳ бо намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муқаддам Ҳошимзода, Мавҷуда Мирпочоева, муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат Мавлуда Баҳруддинзода, комиссари ҳарбии ноҳия, майор Аҳадҷон Додоҷонов дар маросими Рӯзи дарҳои кушоди қисми низомии Вазорати мудофиа иштирок намуда, бо шароити зисти сарбозону афсарон шинос шуданд.

Дар доираи баргузории Рӯзи дарҳои кушод зиёда аз 300 нафар хонандагони синфҳои ёздаҳуми муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Палдорак ва Навбаҳор, шаҳракҳои Бӯстон, Обшорон ва Суғдиён аз қисми низомии мазкур дидан карда, бо ҳаёти сарбозон ва вазъи хизмати ҳарбии онҳо аз наздик шинос шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, Тоҳир Азиззода ба афсарону сарбозон аз таърихи таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва қудрати артиш ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва кафолати таъмини амнияту оромии мамлакат мебошад.

“Гарчанде Артиши миллии мо 28 сол муқаддам дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии мамалакат таъсис ёфта бошад ҳам, вале дар партави таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат тадриҷан устувору қавӣ гардида, ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон бузургтарин мактаби зиндагӣ мебошад. Танҳо дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавонон имкон доранд моҳияти аслии мафҳумҳои Ватан, модар ва миллатро бо тамоми мазмун беҳтару шоистатар дарк намоянд”,- гуфт раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода низ сарбозону афсаронро бо ҷашни 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, зикр намуд, ки Артиши миллӣ зодаи Истиқлоли давлатӣ ва тафаккури баланди давлатдории Пешвои муаззами миллат буда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан посбони амнияту осоиши миллату давлат аст.

Дар назар аст, ки ҳамоиши Рӯзи дарҳои кушод дар ин қисми низомӣ идома ёфта, дар доираи он хонандагони синфҳои ёздаҳуми ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Мастчоҳ иштирок намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво