28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Восеъ таҳти унвони «Даст ба даст» иқдом доир гардид

268
Бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ таҳти унвони «Даст ба даст» иқдом доир шуда, аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба 50 нафар кӯдакон ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд дода шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин иқдом намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Бино ба иттилои мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ Мавлуда Файзуллозода, «чунин иқдом дар оянда низ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳандозӣ гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ идома меёбад. Кормандони бахш айни ҳол дар ҳар ҷамоат барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз бо аҳолии деҳот вохӯрию суҳбатҳо гузаронида истодаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар ноҳия бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли гузашта 30% коҳиш ёфта, аксар оилаҳои дигар аз нав барқарор гардиданд».

Оид ба бақайдгирии саривақтии асноди ҳолати шаҳвандӣ дар моҳи январи соли 2021 503 сабти таваллуд, 101 сабти вафот, 134 сабти никоҳ, 10 адад сабти бекор кардани ақди никоҳ, 123 сабти муқаррар намудани падарӣ, 118 ҳолати барқароркунии таваллуд, 18 сабти ивази ному насаб, 3 сабти фарзандхонӣ тартиб дода шудаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво