29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Киев густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф баррасӣ гардид

177
10 феврал вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Ректори Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко Леонид Губерский баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти ҳамкории байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мусоҳибон дар масъалаи иҷрои Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Шевченко (аз 4 декабри 2008), татбиқи Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ (аз 4 марти 2020) ва омодагӣ ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия мубодилаи афкор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво