19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМОИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои ноиби Президенти АМИТ Абдураҳмон Муҳаммад дар ин бора

248
Муаррифии анъанаву суннат ва меросу арзишҳои миллӣ дар Паём ҳамчун сиёсати муваффақи фарҳангии Президенти мамлакат баррасӣ гардидааст, ки барои арҷгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзиши баланд ва муҳимияти таърихию фарҳангӣ дорад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон МУҲАММАД иброз дошт. Андешаҳои мавсуфро дар робита ба масъалаҳои ҳаётан муҳим- ҳимояи арзишҳои миллӣ, пос доштани таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ манзури хонандагон мегардонем.

-Мавриди ифтихор аст, ки ироаи Паёми навбатӣ масъулияти олимону пажуҳишгарони кишварамонро дучанд намуд. Зеро Сарвари давлат дар Паём дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба масъалаҳои ҳимояи арзишҳои миллӣ, пос доштани таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд намудаанд. Дар маҷмӯъ, Паём як Консепсияи стратегие мебошад, ки дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Муҳтавои асосии Паём масъалаҳои иҷтимоию сиёсиеро дар бар мегирад, ки онҳо дар замони паҳншавии пандемия ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳолати дохилии кишварамон таъсиргузоранд.

Инчунин яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки барои тарбияи насли наврас дар Паём ироа гардидааст, ин рӯ овардан ба илму дониш, дурӣ ҷустан аз идеологияи номатлуби террористию экстремистии динӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи волидайн ба таълиму тарбия мебошад.

Маълум аст, ки таърихи миллати мо шоҳиди ҳодиса ва рӯйдодҳои мухталифу аҷибе будааст, бинобар ин бояд гуфт, ки имрӯз камтар кишвареро ҳамчун Тоҷикистон пайдо намудан мумкин аст, ки барои рушду таҳкими истиқлол ва худшиносии миллӣ чунин сарвари сиёсии тавоноро мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсати бузург овард. Бо ибтикору роҳнамоии Президенти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ дар саҳифаҳои нави таърихи миллати мо корҳои зиёди созандагию бунёдкорие ба анҷом расонида шуданд, ки дар раванди шинохту эҳёи асолати миллӣ зарурати бузурги таърихию сиёсӣ доранд.

Пешвои миллат дар ҷараёни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000–сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».

Воқеан ҳам, ин андеша барои тақвияти ҳақиқати воқеӣ нисбат ба таърихи этногенези миллати тоҷик ва бузургдошту эҳёи хотираи таърихӣ заминаи устуворе фароҳам меорад, ки чун эҳёи тамаддуни ориёӣ ва бузургдошти 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва барқарор намудани дигар ёдгориҳои таърихӣ баҳри миллати мо арзиши баланди сиёсию миллӣ доранд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон изҳори ақида намуданд, ки “мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърих ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созанда оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем”.

Дарвоқеъ, муаррифии анъанаву суннат ва меросу арзишҳои миллӣ дар Паём ҳамчун сиёсати муваффақи фарҳангии Президенти кишвар баррасӣ гардидааст, ки барои арҷгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзиши баланд ва муҳимияти таърихию фарҳангӣ доранд.

Дар баробари ин, Ҷаноби Олӣ Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Академияи миллии илмҳоро вазифадор намуданд, ки “ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо ба забони ақаллиятҳои миллӣ друст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд”.

Мавриди зикр аст, ки тоҷикон аз қадимулайём дар ҳамсоягӣ бо дигар қавму халқиятҳои гуногун зиндагӣ намуда, дар рӯшду нумӯи маданияту фарҳанги онҳо ҳиссаи беҳамто доранд. Имрӯз дастрас намудани китобҳои дарсӣ барои муассисаҳое, ки ақаллияти гуногуни миллиро ташкил менамоянд, яке аз масъалаҳои мубрами бо ҳам наздик намудани намояндагони дигар миллату халқият ва фарҳангҳо ба шумор меравад.

Президенти кишвар ҳамаи инро ба назар гирифта, дар Паёми навбатии худ воқеъбинона зикр менамоянд, ки “ мо- тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем”. Ин гувоҳи он аст, ки Президенти кишвар аз замони ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ то ҳанӯз барои эҳё намудани хотираи таърихӣ, фарҳангсолорӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани мероси гаронбаҳову ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик таваҷчуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Сарвари давлат дар Паёмашон чунин дарҷ намудаанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола доранд. Ва ин далел низ мояи ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”. Албатта, бо ин ҳама ифтихору саодатмандӣ мардуми кишвари мо шукронаи Тоҷикистони азиз, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва эҳёи ҷашнҳои таърихии ниёгонро доранд, ки ин ҳама сабаби пешрафти ҷомеа мегардад.

Президенти мамлакат дар заминаи ташаббусҳои дигаре, ки дар Паём дарҷ ёфтаанд, иброз доштанд, ки кишвари мо ” ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ба даҳгонаи беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардидааст”, ки ин ҳама боиси шукргузорӣ ва қаноатмандӣ мебошанд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, то ҳанӯз мухолифини мафкуравии мо, ки манфиатҳои миллату давлатро ба хотири манофеи шахсӣ ва гурӯҳӣ қурбон менамоянд, масъалаҳоеро матраҳ месозанд, ки на танҳо аз нигоҳи илмӣ собит шуда наметавонанд, балки ташвиқу тарғиботи ғайримантиқии худро дар доираи таассуб, хурофот, бегонапарастӣ, муқобили манфиатҳои давлатдории миллӣ равона месозанд. Албатта, чунин муносибат ба як зумра ҷавонони роҳгум таъсири манфӣ расонида, онҳоро ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ ҷалб намуда метавонад, аммо замоне расидааст, ки масъалаи таълиму тарбияи фарзанд танҳо ба мактаб ҳавола карда нашавад, балки нақши оила ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин раванд фаъол гардонида шаванд.

Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ консепсияҳои мухталифе пешниҳод намуда, ҳушдор доданд, ки “фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштарак талаб менамояд”. Аз ин рӯ, айни замон, шарҳу баёни нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати роҳбалади стратегӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар зарурати воқеӣ дошта, барои паст намудани шиддати зуҳуроти номатлуб таъсири амиқ расонида метавонад.

Мо, олимони ҷомеашиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар роҳи дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар аз тамоми неруи худ истифода намуда, баҳри ободию пешравии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Паём ҳамчун роҳбалади рушду инкишоф ва барномаи пешрафти Тоҷикистони азиз ҳамеша қобили дастгирист.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво