19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Тоҷикистон нақлиёти калонҳаҷми сайёр, ки дорои ҳуҷраҳои гуногуни тиббӣ мебошад, ворид хоҳад шуд

191
Бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт, ки аз ҷониби Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз) Бонки Исломии Рушд барои харидорӣ ва истифодаи маҷмӯи тиббии сайёр дар баъзе давлатҳо амалӣ карда мешавад, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни сафари корӣ аз корхонаи саноатии Сакараяи Ҷумҳурии Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, яъне воситаҳои нақлиётии калонҳаҷме, ки интизор меравад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.

Дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои таъсиси панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидаанд. Тибқи муқаррарот, Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-и Норвегияро ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст. Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупоӣ 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошад, ки бо ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизмат мерасонанд.

Бояд зикр намуд, ки Созишнома 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво