20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Масъалаи хариду фурӯши замин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст

219
Имрӯз масъалаи истифода ва хариду фурӯши замин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст,- гуфт Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма.

-Новобаста аз эродҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин чораҳои мушаххасе, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт пешбинӣ мегарданд, мутаассифона, содиршавии ин категория ҷиноятҳо дар ҷумҳурӣ кам нагардида истодаанд. Маҳз ҳамин ҳолат боиси нигаронии Сарвари давлат гардида, ҳам дар ироаи Паём ва ҳам дар маҷлиси ҷамъбастӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд,- афзуд мавсуф.

Ба андешаи Шермуҳаммад Шоҳиён, пешгирӣ намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ва содиршавии ҷиноятҳо вобаста ба замин дар баробари дигар сохторҳо ба мақомоти судӣ низ дахл дорад.

Вақте ки дар анҷоми суд парвандаҳои мушаххас доир ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, бояд тамоми тадбирҳо андешида шаванд ва шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, бояд ҷазои сазовор гирад. Барои пешгирӣ намудани содиршавии чунин ҷиноятҳо бояд аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда шаванд.

“Чунин ҳодисаҳо солҳои охир асосан дар ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон бештар ҷой доранд. Вақте ки шахс ҳуҷчати ғайриқонунӣ қабул мекунаду дар натиҷа хариду фурӯши ғайриқонунии замин сурат мегирад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Ин кори кардаи ӯ аз чашм дур намемонад. Зеро мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсия тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ин ки ҳама иштирокчиёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ сари вақт ошкор шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”,- иброз дошт Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво