25 май 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант Осорхонаи Пешвои миллат ташкил мешавад

238
Дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мегардад. Бо ин мақсад ин муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифтааст.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 6 феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант дидан намуданд.

Таъмиру навсозии муассисаи мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо аёнияти дарсӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат охири солҳои 60-уми асри гузашта дар Омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (имрӯза Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант) таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ аёнияти таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар ин таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки осорхонаи Пешвои миллат мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри XX бо кандакорию гаҷкорӣ бунёд шуда, аёнияти дарсии онвақта бояд ҷамъоварӣ шаванд. Ба масъулин дастур доданд, ки аз ҳама имконияти мавҷуда истифода намуда, осорхонаро дар муҳлати муайян ба истифода диҳанд.

Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфтааст. Ҳоло литсей аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати беш аз 5 гектар ҷой гирифтааст. Шумораи касбомӯзон дар литсейи мазкур 344 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз рӯйи 10 ихтисос дар ин омӯзишгоҳ таълим мегиранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво