19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони Россия дар Кӯлоб корхонаи муштараки сабзавотхушккунӣ бунёд менамоянд

171
Соҳибкорони Федератсияи Россия нақша доранд дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корхонаи муштараки сабзавотхушккунӣ таъсис диҳанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар корхонаи сабзавотхушккунӣ коркарди пиёз, карам ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Соҳибкорони Федератсияи Россия ҷиҳати дарёфти бинои мувофиқ барои насби хатҳои технологӣ аз ҶСК «Сомонкӯлобтаҷҳизот» ва «Сано» дидан намуданд.

Соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб 41 корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 309,3 гектар Минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки дар ин Минтақаи озоди иқтисодӣ зиёда аз 3750 ҷойи нави кор ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода шаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво