25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МУБОРАК БОД! Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми рушд-2021» дар Минск гардид

167
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» гардид, ки 6 феврал дар Минск ба анҷом расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии охирони худ ба муқобили мизбони мусобиқа дастаи миллии Беларус наврасони тоҷик бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст оварданд. Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод ба ҳадаф расониданд.

Пас аз ин ғалаба наврасони мо соҳиби 3 имтиёз шуда, шумораи умумии имтиёзҳояшонро ба 9 адад расониданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан наврасони мо дар ду бозии аввали худ ба муқобили дастаҳои миллии Қазоқистон (7: 1) ва Молдова (5:1) ғалаба ба даст оварда буд ва қабл аз муҳлат чемпиони мусобиқа шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021»

Даври 3-юм

Беларус (U-17) — ТОҶИКИСТОН (U-17) — 1:4

Голҳо: Иван Агеев, 37 (1: 0). Аббос Андалибов, 38 (1: 1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 54 (1: 2). Сунатулло Азизов, 64 (1: 3). Амирҷони Фаррухзод, 89 — аз ҷаримаи 11 метра (1: 4).

Молдова (U-17) — Қазоқистон (U-17) — 0: 5




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво