20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН! Дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки ноҳияи Ҷаббор Расулов беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд

173
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, инчунин таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисмати роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноки минтақаи ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Гулхона, Ғӯлакандоз ва ҷамоати шаҳраки Меҳробод фаъолона иштирок карда, 935 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан ва ҳамешасабз, ба монанди кипариси аризонӣ, ардач, каталпа ва санавбар шинониданд.

Ғайр аз ин 14 километр ҷӯйбори обгузар, ки барои таъмини дарахтон бо об хизмат мекунад, аз партовҳо тоза гардида, дар натиҷа 174 метри мукааб партов ба партовгоҳи марказӣ бароварда шуд.

Ҳамзамон қад-қади роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок 1150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар ва 1860 бех ниҳоли дарахти сафедор шинонида шуд.

Дар маҷмӯъ дар маъракаи ободонию сабзазоркунӣ беш аз 8,7 ҳазор нафар ҳашарчиён иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво