29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ғамхору меҳрубони ҳам бошем

270
Ғамхору меҳрубони ҳам бошем
Ҳамасола 4 феврал Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон қайд карда мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” Абдуллоева Фирӯза Ғаниевна, дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур Сафири Некӯирода Хайринисо Юсуфӣ, рӯзноманигор Ҳуриниссо Ализода, намояндаи ташкилоти Институти Ҷомеаи Кушода -Фонди Бунёди мадад дар Тоҷикистон Нигора Обидҷонова, мушовирони барномавии СММ-Занон дар Тоҷикистон Зуҳро Деҳотӣ ва Лайло Замирова, устоди ДМТ Санавбар Худойдодова, овозхон Нигина Амонқулова ва заноне, ки ин бемориро паси сар намудаанд, ширкат доштанд.
Ғамхору меҳрубони ҳам бошем
Мақсад аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон бедор намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мардум доир ба бемории саратон мебошад. Дар ин рӯз вохӯриҳо бо мизоҷон ва аъзоёни оилаи онҳо бо табибон баргузор мегарданд. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирии бемории саратон одамон бояд ғизоҳои фоиданок истеъмол намуда, аз омилҳои зараровар даст кашанд. Вақти худро бештар дар ҳавои тоза гузаронида, ба варзиш машғул шаванд. Ҳангоми пайдо шудани ягон нишона сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Инчунин дар як сол як маротиба ҳатман бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Мавзӯи имрӯзаи ин ҳамоиш низ ба «Дастрасии кӯмаки тиббӣ ва пешгирии бемориҳои саратонӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагии занон баъд аз муолиҷа» бахшида шуда буд.
Ба иттилои роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” Абдуллоева Ф.Ғ. ҳанӯз соли 2013 нахустин ҷаласа бо иштироки заноне, ки бемории саратони ғадуди синаро паси сар кардаанд, баргузор гардида буд ва Хайринисо Юсуфӣ ҳамчун Сафири Некӯирода пазируфта шуда буд. Аз ҳамон сол инҷониб Хайринисо Юсуфӣ ҳамчун адвокати занони гирифтори бемории саратон дар сатҳи баланди Ҳукумат масъалагузорӣ менамоянд ва умед бар он дорем, ки минбаъд низ ҳамкориҳо идома хоҳанд ёфт.
Ғамхору меҳрубони ҳам бошем
-Бештари занони дар ин ҳамоиш нишаста изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумат барои пешгирӣ ва муҳофизат аз бемории Covid-19 ба миқдори 400 сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт намуданд,- илова намуд Абдуллоева Ф.Ғ.
Дар ҳамоиш дар бораи аҳамияти сифати ғизо ва хусусиятҳои ғизои парҳезӣ барои беморони саратони ғадуди ширӣ аз ҷониби мутахссисон маълумоти муфассал бо тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Қайд гардид, ки ҳама намуди омосҳои саратони ғадуди ширӣ дар марҳилаи аввал пурра табобатшаванда мебошанд. Бинобар он зану модарон бояд сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намуда, бемориашонро пешгирӣ намоянд.
Ғамхору меҳрубони ҳам бошем
Хайринисо Юсуфӣ дар суҳбати худ аз кумак ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоили ошкор ва табобати беморони саратонӣ истода гузашт. Ў қайд намуд, ки новобаста аз он, ки бемории коронавирус иқтисоди ҷаҳонро ба зону нишонд ва сарҳадҳоро баст, бо сарварии Президенти ғамхору маҳбубамон соҳаи иқтисодиёти кишвар 4,5 баробар рушд кард, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард баробар гашт. Танҳо барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ ба соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин давра 108 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд. Тибби мо имрӯз то ба дараҷае рушд кардааст, ки аз дигар ҷӯмҳуриҳо, ба монанди Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Авғонистон дар Маркази транспонтология ивази узвҳои дарунӣ мекунанд.
Хушхабари дигар ин аст, ки- гуфт Х.Юсуфӣ,- дар Исроил барои табобати бемории саратон доруе ихтироъ гардидааст ва умедвор ҳастем, ки ин доруворӣ ба мо низ дастрас хоҳад шуд.
Ҳамоиши имрӯзаро овозхони дӯстдошта Нигина Амонқулова бо сурудҳои худ рангин ва хотирмон сохт.
Д.Табарова




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво