29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»

280
Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт. Зикр шуд, ки ҳамзамон таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»
Маҳмадсаид Зувайдзода зикр намуд, ки дар соли сипаригардида дар асоси нақшаи корӣ мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Лахш, Данғара, Ёвон, Темурмалик, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Фархор, Кӯлоб, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, А Ҷомӣ, Леваканд, Бохтар, Ҷайҳун, Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб, Айнӣ, Шаҳристон, Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Зарафобод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Конибодом сафарбар гардиданд. Мутахассисони Кумита ҳолати воқеиро дар маҳал мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи санҷиш барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фаро гирифташуда мактуби расмӣ фиристониданд. Дар иртибот ба натиҷаи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз сӯи мақомоти марбута ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати мамлакат маълумот ироа гардид.
Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»
Бо дахли баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки дар ин самт Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Дар ин давра 41 ҷаласаи Комиссия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 371 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ҳар лоиҳа таклифу пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Аз 371 лоиҳаи баррасигардида 267-тои он бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва бо инобати он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд.
Маҳмадсаид Зувайдзода: «Таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст»
104 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурати пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво