26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкатҳои сайёҳии Франсия дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи Тоҷикистон иштирок мекунанд

566
Ширкатҳои сайёҳии Франсия дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи Тоҷикистон иштирок мекунанд
Ширкатҳои маъруфи сайёҳии Франсия тасмим гирифтаанд, ки бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Ин нукта дар мулоқоти маҷозии роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ доир гардид, зикр шуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мулоқоти маҷозӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия анҷом дода шуда, дар он раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Директори Департаменти дипломатияи иқтисодии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия, Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Aтоут франси Агентии рушди сайёҳии Франсия дар шаҳри Москва, котиби генералии ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Франсия ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар мулоқоти маҷозӣ дар радифи баррасии масъалаҳои марбут ба тақвияти дӯстию ҳамкорӣ, истифодаи имконияти мавҷуда дар бахши сайёҳӣ баррасӣ гардид. Ширкатҳои маъруфи Франсия барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон омодагиашонро изҳор доштанд. Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда анҷом дода шуда, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбари Департаменти дипломатияи иқтисодии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия хонум Ҳелен Дантоин ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Франсия даъват ба амал овард, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат намоянд ва ин даъват ба хушӣ пазируфта шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво