20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар дидан намуд

306
Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и назди Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуд.
Тавре сардори маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Комрони Бахтиёр иттилоъ дод, зимни боздид раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷовиддин Саломзода ва ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода низ иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати муаррифии «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтааст, ки 12-13 марти соли равон доир мешавад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар дидан намуд

Бояд гуфт, ки «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар 26 январи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ таъсис дода шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сафари корӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар иншооти соҳавӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегарданд, дидан намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво