12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон аз таҷрибаи пешрафтаи Ордени Малта дар бахши сайёҳӣ истифода менамояд

475
Тоҷикистон тасмим дорад, ки аз таҷрибаи пешрафтаи Ордени Малта дар бахши сайёҳӣ истифода намояд. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири навтаъйини Ордени Малта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иван Лаланн иброз гардид.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Ордени Малта оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва мубодилаи сайёҳон байни ҳарду давлат баррасӣ гардид.

-Мусоҳибон дар анҷоми мулоқот ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон изҳор доштанд, хабар медиҳад сарчашма.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво