25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷамолиддин Абдуллозода аз нуқтаи ташхиси бемории COVID-19-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дидан намуд

263
2 феврал Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафта, аз нуқтаи ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳ дидан намуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, «штамми британиягӣ»-и коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар дигар фурудгоҳҳои мамлакат низ чунин нуқтаҳои ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда, ҳар нафаре, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегардад, аз муоинаи табибон гузаронида мешавад.

Бо вуҷуди он ки аз оғози моҳи январи соли равон дар Точикистон бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута тамоми кӯшишу талошҳоро барои пешгирӣ ва табобати бемории мазкур равона намудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво