19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз…». Дар ноҳияи Сангвор ин ҷашни суннатӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид

251
Дар маркази ноҳияи Сангвор бо иштироки кишоварзону меҳмонон ва фаъолону кормандони сохторҳои гуногуни ноҳия ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни тухмии зироати кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда, олимону мутахассисони соҳа барои ҳосили дилхоҳ гирифтан ба иштирокдорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор Шодӣ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, ки “кишоварзони ноҳияи мо имсол низ ҷашни Садаро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Зеро кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунанд. Деҳқонон дар ин айём ба кишту кор тайёрӣ дида, олоти кишоварзиро таъмир ва ба кишт омода месозанд”.

Сада ҷашни суннатии мардуми тоҷик буда, ҳамчун иди кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардаву эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Ҷашни Сада муждадиҳандаи Наврӯз арзёбӣ гардида, дар ин бора дар осори шоирони гузашта ва имрӯзаи мо ишораҳои зиёде рафтааст.

Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар як шеъри худ чунин навиштааст:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво