26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Истаравшан бинои иловагии Коллеҷи тиббӣ ба истифода дода шуд

259
Бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд. Бинои иловагии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон мебошад, ки барои 176 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои нави таълимӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Коллеҷи тиббии шаҳр сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфта, моҳи январи соли 2021 ба итмом расонида шуданд. Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ ва имконияти мавҷуда аз худ намоянд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббӣ иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иштирок намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шаҳри Истаравшан ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ рӯз то рӯз вусъат меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво