25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тамошои мутташаккилона

236
Тамошои  мутташаккилона
Имрӯз кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сохтмон, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ҳадафи Роҳбари давлат пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Тамошои  мутташаккилона
Ҳамчунин, бар он ишора гардид, ки ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созанда оғоз гардидаанд ва кӯшиш бояд кард, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ гардад.
Сарвари давлат қайд намуданд, ки солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.
Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.
Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем.
Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.
Дар доираи онҳо қитъаҳои Душанбе – Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо харҷи 1,6 миллиард сомонӣ, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб бо арзиши лоиҳавии 780 миллион сомонӣ ва роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Тамошои  мутташаккилона
Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёҳои Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад.
Соли ҷорӣ лоиҳакашии роҳҳои мошингарди Данғара – Гулистон ва Гулистон – Кӯлоб пурра ба анҷом расонида, соли 2022 сохтмони онҳо оғоз мегардад.
Сарвари давлат таъкид бар он намуданд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад.
Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.
Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард,- иброз намуданд Сарвари давлат.
Тамошои  мутташаккилона
Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.
Нуқтаи муҳими дигари Паёми Сарвари давлат дар он буд, ки бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.
Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд.
Сарвари давлат зарур шумориданд, ки дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.
Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон якҷо бо Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ тақозо гардид, ки то аввали моҳи октябр лоиҳаи ин муассисаҳоро таҳия ва барои мувофиқа ба Роҳбари давлат пешниҳод намояд.
“РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво