20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд

223
Дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.

Аз партовҳои полиэтилении коркардшуда дар ҳаҷмҳои гуногун лӯлаҳои обгузар истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд. Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон барои беҳдошти муҳити зист ва нест намудани партовҳои полиэтиленӣ мусоидат менамояд.

Ба сокинон барои ҳар килограмм партовҳои полиэтилении ҷамъовардашуда маблағи муайян пардохт карда мешавад. Ин тамоюл ҳавасмандии алоқамандонро афзун намуда, ба ин васила амнияти экологӣ дар муҳити зист таъмин мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво