28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони Хатлонзамин ҷашни Садаро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии ниёгон таҷлил намуданд

225
23 декабр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни миллии бостонии Сада намоиши маҳсули дастранҷи деҳқонон ва маросими қадрдонии дастовардҳои вилоят дар соли 2020 баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷашни мазкур кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастовардҳои худ, аз қабили навъҳои зироати ғалладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, ҳунарҳои миллию мардумӣ ва навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки «ҷашни Сада ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост. Дар робита ба ин ҷашн барномаҳои фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд ва мардуми Хатлонзамин дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ ин ҷашнро таҷлил менамоянд. Кишоварзони вилоят тамоми имконияти худро ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани шудгор, кишту кори баҳорӣ, бунёди боғу токзор, яхобмонӣ, обшӯйкунии шӯразаминҳо ва обмонии захиравӣ сафарбар намуда, дурнамои таркиби кишти зироати кишоварзиро риоя ва таъмин менамоянд».



Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 баён доштанд, ки «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Сипас дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими таҷлили ҷашни Сада идома ёфт, ки дар баробари пешсафони арсаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, ғаллакорон, шоликорон, чорвою парандапарварон, боғдорон, инчунин як зумра журналистон барои инъикоси дастовардҳои соҳаи агросаноатӣ ва тарғиби таҷрибаи пешқадами деҳқонон бо Сипоснома ва мукофоти хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, муовини якуми директори АМИТ «Ховар» Рухсора Нурова, сармуҳаррири маҷаллаи «Сарзамин» Гулчеҳра Сатторзода, хабарнигори телевизиони «Тоҷикистон» дар минтақаи Кӯлоб Саидҷаъфар Маҳмадалиев , сармуҳаррири нашрияи «Дӯстлик» Тошмат Темиров ва дигарон соҳиби мукофоту сипосномаҳо шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво