29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҳашари умумишаҳрӣ дар Истаравшан 7,6 тонна партов берун бароварда шуд

197
Бо мақсади ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри бостонии Истаравшан бо истифода аз боду ҳавои мусоиди моҳи январ ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд.

Дар натиҷа 1,3 километр ҷӯйбори обгузари ду тарафи хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлоли шаҳр, майдони марказӣ, ҳудуд ва атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳои шафати роҳи асосӣ тоза ва рӯбучин гардида, 7,6 тонна поруву хокрӯбаҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ беш аз 500 нафар кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбии техникии №14, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаҳои марказию хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоати шаҳраку деҳот ва соҳибкорон иштирок карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво