28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Истаравшан соҳибкор бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бунёд намуд

237
Дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои истиқоматии бисёрошёна ва маркази савдо ба истифода дода шуд.

Бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Фирдавс Абдураҳимов бунёд гардида, аз 46 ҳуҷра иборат аст. Лоиҳаи биноро ҶДММ «Меъмор-М» таҳия намуда, корҳои сохтмониро ширкати «Ободкор-2014» ба анҷом расонидаанд.

Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Дар маркази савдо ва хизматрасоние, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, 9 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят баъди ифтитоҳи бинои мазкур бо лоиҳаҳои иншооти дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ бунёдшаванда шинос гардида, барои такмили лоиҳаҳо тавсияҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид карда, барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти дастии ҳунармандон ба масъулин супоришҳо дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво