20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Кӯлоб корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ бо номи «Ҳаким» ба истифода дода шуд

294
Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода ва дигар намояндагон корхонаи дару тирезаҳои пластикӣ бо номи «Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар корхона таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлати Туркия дастрас ва васлу насб гардида, дар ин коргоҳ 10 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Дар корхона тиреза, дар, мизу курсӣ ва дигар намуди мебел истеҳсол мешаванд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода таваҷҷуҳи соҳибмулк ва коргарони корхонаро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифат ҷалб намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво