25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 баргузор гардид

214
Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сарфаю сариштакории неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба хотири риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ масъулинро вазифадор намуд.

Зикр гардид, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чор ҳадафи стратегии мамлакатанд, ки дар доираи ин ҳадафҳо ва дигар барномаву стратегияҳо дар вилояти Хатлон пайваста тадбир андешида мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи вилояти Хатлон рушд карда, сатҳи зиндагии сокинон низ баланд бардошта шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020” ва дигар барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо- ин маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳое мебошанд, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалияти сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ бо дарназардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи муайян қабул карда шуда, татбиқи онҳо ҳатмӣ мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба соҳибкорону сармоягузорон афзалият дода мешавад.

Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди иншооти таъйиноти гуногун ҷараён дошта, рӯз то рӯз инфрасохтори вилоят беҳтар карда мешавад.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, таъмини соҳаҳои саноат бо ашёи хом, афзоиши имконияти содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ хоҷагидорону кишоварзони вилоят бо эҳсоси баланди масъулият талош доранд. Натиҷаи баланди истеҳсолӣ дар мавсими ҳосилғундории солҳои 2020 исботи заҳматҳои ҳамешагии аҳли заҳмати вилоят мебошад. Аҳли заҳмат то имрӯз талош доранд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба зиёд намудани майдони кишти картошка ва майдони кишти такрорӣ заминҳоро мақсаднок истифода бурда, бо роҳи риояи агротехникаи парвариш дастовардҳои истеҳсолиро афзун намоянд.



Дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда мешаванд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки истифодаи самараноки захираву имконияти мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар сокини вилоят вобаста мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми ватандӯст ва бонангу номуси вилояти Хатлон бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳимояи манфиати давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ҳушёру омодаанд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта менамоянд.

Дар анҷоми кори ҷаласа бо натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳои ноилшуда дар вилоят якчанд масъалаҳои ҳалталаб ва камбудию норасоиҳо боқӣ монда, ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, коркарди пахта, истеҳсоли сару либоси мактабӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, тақвият бахшидани тадбирҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ва татбиқу иҷрои саривақтии қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, масъулон барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир вазифадор карда шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво