24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон боз як ширкати сайёҳӣ ба фаъолият шуруъ намуд

511
Қатъи назар аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва пайомадҳои он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати нави сайёҳии «Силкей эдвенче» иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои «Ҳабиба Турс», «Восток трэвел тур», «Айс тур» ва «Кошиф» тамдид гардид, хабар медиҳад АМИт «Ховавр» бо истинод ба рӯзномаи «Ҷумҳурият».

Ин нукта зимни ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода баргузор гашт, баён шуд.

Зимни ҳамоиш гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, нашри маводҳои нави иттилоотиву тарғиботӣ, пайдо намудани бозорҳои нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, тамоми саъю кӯшиши худро барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021), таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ ва тарғиби ҳаматарафаи Ҷашни байналмилали Наврӯз равона созанд.

Дар навбати худ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат омодагии худро изҳор доштанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво