11 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба китобхонаи қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд

248
Имрӯз, 15 январ дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо иштироки аҳли зиё маҳфили судманд доир гардида, ба китобхонаи қисми низомии мазкур китобҳои Пешвои миллат тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Дар маҳфил раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Шӯрои кумитаи куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода ва роҳбарони қӯшунҳои дохилии вазорат иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи сарбозон, анбори озуқаву сабзавот, ҳаммому сартарошхона ва хобгоҳи сарбозон дидан намуданд.

Зимни суҳбату вохӯрӣ бо афсарону сарбозон аҳли зиё вобаста ба ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз қабили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, рӯҳияи сарбозонро баланд бардоштанд.

Ҳамзамон сарбозон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан муҳаббату садоқати хешро ба миллату давлат нишон доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво