25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар «Бозори Деҳқон»-и Душанбе нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар бозорҳо 20-25 фоиз арзонтар аст

288
14 январ дар КВД «Бозори Деҳқон» -и шаҳри Душанбе нархи миёнаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чунин буд: 1 кг картошка 2 сомонию 93 дирам, 1 кг пиёз 1 сомонию 73 дирам, 1 кг сабзӣ 1 сомонию 47 дирам, 1 кг карам 1 сомонию 60 дирам, 1 кг помидор 8 сомонӣ, 1 кг бодиринг 6 сомонию 50 дирам, 1 кг гӯшт 48 сомонию 34 дирам, 1 кг гӯшти мурғ 23 сомонӣ, 1 кг биринҷ аз 12 сомонию 40 дирам (вобаста ба навъ), 1 литр равғани пахта 16 сомонию 40 дирам, 1 дона тухм аз 1 сомонию 2 дирам, 1 кг шакар 8 сомонию 50 дирам, 1 литр шир 4 сомонию 75 дирам, 1 кг лубиё 15 сомонӣ (навъҳои гуногуни донагӣ аз 6 то 11 сомониро ташкид медиҳанд), 1 кг гулкарам 2сомонию 50 дирам, 1 кг себ 5 сомонию 77 дирам, 1 кг ангур 9 сомонию 67 дирам ва 1 кг анор 8 сомонию 50 дирам.

Ба гуфти муовини директори КВД «Бозори Деҳқон»-и шаҳри Душанбе Мастон Шарипов, ҳамарӯза маълумотномаи нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тартиб дода шуда, маҳсулоти кишоварзии бозор аз рӯйи нархномаи муайянгардида пешниҳод карда мешавад.

Инчунин масъулини бозор миёни фурӯшандагон барои танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баланд гардидани нархи маҳсулотро то андозае нигоҳ доранд.

Дар КВД «Бозори Деҳқон» -и шаҳри Душанбе нархи маҳсулот нисбат ба дигар бозорҳои мамлакат 20-25 фоиз арзонтар мебошад.

Дар ин бозор ҳафтаи сипаригардида нархи 1 кг картошка 3- 3 сомонию 40 дирам, 1 кг пиёз 1,80-2 сомонӣ, 1 кг карам 2 сомонӣ, 1 кг помидор 14 сомонӣ, 1 кг бодиринг 11 сомонӣ, 1 кг себ аз 6 то 13 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо садоҳо оид ба боло рафтани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бештар шудаанд. Вале аз таҳлилҳо ва муқоиса бо соли 2019 бармеояд, ки нархи на ҳамаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло рафтааст.

«14 январи соли 2019 1 кг картошка 2 сомонию 60 дирам, 1 кг пиёз 2 сомонию 40 дирам, 1 кг сабзӣ 1 сомонию 25 дирам, 1 кг карам 1 сомонию 50 дирам, 1 кг помидор 6 сомонию 44 дирам, 1 кг бодиринг 9 сомонӣ, 1 кг гӯшт 46 сомонию 67 дирам, 1 кг гӯшти мурғ 25 сомонию 50 дирам, 1 кг биринҷ аз 10 сомонию 50 дирам (вобаста ба навъ), 1 литр шир 4 сомонию 60 дирам, 1 кг гулкарам 4 сомонию 50 дирам, 1 кг себ 8 сомонию 87 дирам, 1 кг ангур 9 сомонию 50 дирам, 1 кг анор 7 сомонию 50 дирамро ташкил медод»,- изҳор дошт Мастон Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки КВД «Бозори деҳқон» дар таъмини сокинони шаҳри Душанбе ва аҳолии шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо маводи кишоварзӣ саҳми назаррас дорад. Зеро бештари фурӯшандагони бозори мазкур деҳқонон мебошанд. Бозор зиёда аз 300 ҷойи нишаст дошта, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Ҳамарӯза аз хоҷагиҳои деҳқонии атрофи шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба ин бозор маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ворид мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво