25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид

323
Дар натиҷаи овоздиҳии корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ғолибони Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» муайян шуданд. Дар ин баҳогузорӣ ҷои аввалро бо 1083 овоз Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ соҳиб гардид.

929 нафар Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавиро беҳтарин донистанд, ки он мақоми дуюмро ишғол кард. Лоиҳаи Донишгоҳи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Низоми Ганҷавӣ бо ишғоли 733 овоз ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт.

Аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар хабар доданд, дар ин баҳогузорӣ лоиҳаҳои биноҳои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бо 681 овоз ҷойи 4, Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони А. Сино бо 643 овоз мақоми 5, Намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони А. Сино бо 615 овоз ҷойи 6, Донишкадаи астрофизика, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ бо 582 овоз мақоми 7, Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бо 578 ҷонибдор ҷойи 8, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бо 436 овоз ҷойи 9 ва бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода бо гирифтани 378 овоз мақоми 10-умро ишғол карданд.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2020 Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» баргузор намуда, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» расми ҳамаи лоиҳаҳоро, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва пешниҳод гардидаанд ва ба озмуни мазкур роҳ ёфтаанд, ба намоиш гузошт ва аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ хоҳиш намуда буд, ки тариқи овоздиҳӣ (лайк) аз байни онҳо 3 лоиҳаи беҳтаринро интихоб намоянд.

АМИТ «Ховар» лоиҳаҳои мазкурро шарҳ медиҳад. Ду иншооти аввале, ки дар ин озмун роҳ ёфтаанд — ин биноҳои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ояндаи наздик сохтмони онҳо оғоз мегардад.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Барои сохтани иншооти мазкур на кам аз се сол муҳлат лозим аст, зеро биноҳои мазкур муҳташам буда, масоҳати онҳо аз 42 то 44 ҳазор м2-ро ташкил медиҳанд.

Тибқи иттилои масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи кории бинои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз экспертизаи давлатӣ гузашта, хулосаи мусбии он ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудааст. Пудратчии генералии сохтмони «Бинои нави Парламенти Тоҷикистон» Корпоратсияи «Yanjian» ва пудратчии генералии сохтмони «Бинои маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корпоратсияи «JiangSu JiangDu construction group.co.itd» тариқи озмун интихоб карда шудаанд.

Лоиҳаи дигаре, ки дар ин озмун барои баҳодиҳӣ гузошта шудааст, ин Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ» мебошад. Маҷмааи мазкур дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Масоҳати умумии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Ду лоиҳаи дигар — ин биноҳои Донишгоҳи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошанд. Донишгоҳи Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Низоми Ганҷавӣ бунёд шуда, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар хиёбони Синои пойтахт сохта шудааст.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Лоиҳаи дигаре, ки дар озмуни мазкур муаррифӣ гардид, ин бинои Намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар хиёбони А.Синои шаҳри Душанбе сохта мешавад. Хотиррасон менамоем, ки дар бинои мазкур барои гузаронидани намоишгоҳҳои байнамилалӣ шароит фароҳам оварда шуда, он бо навтарин технология муҷаҳҳаз мегардад.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Аз миёни 9 меҳмонхонаи муосир ба озмуни мазкур лоиҳаи меҳмонхонаҳои панҷситорадор дар кӯчаҳои Н.Ганҷавӣ ва Ҳ. Аҳрорӣ сохташаванда роҳ ёфтаанд.

Бинои аввалӣ — меҳмонхонаи панҷситорадор дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12 ва 15, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бош фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур барои таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Меҳмонхонаи дигар — ин меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts» дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад. Он аз 9 ошёна иборат буда, барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад нимлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ дорад. “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дорои марказҳои хизматрасонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии дарунӣ, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 мошин мебошад. Иншооти замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

Лоиҳаи навбатӣ- тарҳи бинои Донишкадаи Астрофизика мебошад, ки он дар кӯчаи Айнии пойтахт сохта мешавад.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Лоиҳаи охирин- тарҳи биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳусейнзода №№28, 30 –и шаҳри Душанбе мебошад. Хотиррасон мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №185 аз 19 марти соли 2020 дар кӯчаи Ҳусейнзода 28, 30-и пойтахт биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои аввал ва таваққуфгоҳи нақлиёти автомобилии дусатҳа дар таҳхонаи онҳо сохта шуда истодааст. Пудратчӣ сохтмони мазкур ҶДММ «Глобал Групп» ва лоиҳакаши он гурӯҳи лоиҳакашии «Равзанаи ягона»-и Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ шаҳри Душанбе мебошанд.

Лоиҳаи меҳмонхонаи 5-ситорадор, воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрорӣ ғолиби Озмуни «10 лоиҳаи беҳтарини солҳои 2017-2020 дар шаҳри Душанбе» гардид


Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво