19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд

235
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январ ҷиҳати омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаи ситоди корӣ баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, роҳбарони сохторҳои Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи копмозиторони Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳунарӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардиданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави бахши оҳангсозӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули фарҳанги мусиқии муосири тоҷик дар назди масъулини дахлдори мамлакат вазифаҳои мушаххас гузошт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво