28 январ 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Боғи фарҳангию фароғатии Турсунзода корҳои хуррамгардонӣ шурӯъ гардиданд

46
Дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар радифи таҷдиду навсозӣ, инчунин корҳои сабзазоркунӣ шурӯъ гардиданд, ки дар он раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва роҳбарони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок намуданд.

Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ итилоъ медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода дар масоҳати беш аз 3,5 гектар доман густурда, имрӯзҳо дар ҳудуди он бунёди фаввораву гулгаштҳо, майдончаи варзишию кохи шоҳмот ва корҳои созандагии дигар иншооти фароғатӣ муташаккилона идома доранд

Барои хуррамгардонии боғ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода қитъаҳои гулкориву мавзеъҳои ниҳолшинонӣ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ омода гардида, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, назири навъҳои гуногуни арча, дарахтони ороишӣ, алафи ҳамешасабз, садбарги ҳолландӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво